Имрӯз дар Душанбе гирандагони идрорпулии президентӣ муайян карда мешаванд

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе 30 нафар гирандагони идрорпулии президентиро дар соли хониши 2008-2009 муайян мекунанд. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи коршиносон дар ноҳияҳои пойтахт озмун доир карда шуда, 70 нафар номзад пешниҳод шуд, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе 30 нафар гирандагони идрорпулии президентиро дар соли хониши 2008-2009 муайян мекунанд.




Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи коршиносон дар ноҳияҳои пойтахт озмун доир карда шуда, 70 нафар номзад пешниҳод шуд, вале комиссияро зарур аст, танҳо 30 нафарро интихоб намояд.



Ба қавли ӯ, ба ҳайати комиссия намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе шомил мебошанд.



Ёдрас мекунем, ки идрорпулии президентӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо соли 2005 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандкунии хонандагон ва дастгирии иҷтимоии толибилмону фаъолу аълохон тасдиқ шуда буданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.