Дар ҳафт моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 4 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4 тоннаву 98 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёдтар мебошад. Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда 1 […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4 тоннаву 98 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёдтар мебошад.




Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда 1 тоннаву 266 килояш маводи сахттаъсири ҳероин, 1,5 тоннааш афюн ва 1 тоннаву 330 килояш маводи нашъаовари каннабис мебошанд.



Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввал кормандони агентӣ аз 60 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 1 тоннаву 61 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 88 фоиз бештар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.