Дар Суғд табибони оилавии ноҳияи Ашт беҳтарин дониста шуданд

Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Дастаи беҳтарини тибби оилавӣ», ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар қасри Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, табибони оилавии ноҳияи Ашт беҳтарин дониста шуданд. Дар Хуҷанд дастаҳои ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом ва шаҳрҳои Чкаловску Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳайати дастаҳо аз пизишк […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Дастаи беҳтарини тибби оилавӣ», ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар қасри Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, табибони оилавии ноҳияи Ашт беҳтарин дониста шуданд.




Дар Хуҷанд дастаҳои ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом ва шаҳрҳои Чкаловску Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳайати дастаҳо аз пизишк ва ҳамшираи шафқат иборат буд.



Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи кормандони тибби оилавӣ Гавҳар Пӯлодова, барои ширкат дар озмун доштани диплом ё гувоҳнома ва собиқаи кории на кам аз як сол ҳатмӣ буд. Ғайр аз ин пизишкон дар ноҳияву шаҳрҳо низ аз озмун гузаштанд.



Иштирокчиёни озмун на танҳо аз рӯи малакаҳои касбии кори тиббӣ, балки аз рӯи қироати шеърҳои шоирони маъруфи тоҷик низ аз санҷиш гузаштанд.



Мақоми аввал насиби пизишкони ноҳияи Ашт, ҷои дуввум насиби табибони шаҳри Чкаловск ва зинаи саввумро пизишкони ноҳияи Ҷаббор Расулов ишғол намуданд. Ба ғолибон телевизор,


DVD


, телефонҳои мобилӣ ва дастгоҳҳои аксбардорӣ тақдим карда шуданд. Давраи ниҳоии озмун дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.