Кишоварзони ҷумҳурӣ 363 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карданд

Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ 363 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карданд, ки 306 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил медиҳад. Сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон зироати ғалладона аз майдони умумии 248 ҳазор гектар дар беш аз 191 ҳазор гектар даравида […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз кишоварзони ҷумҳурӣ 363 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карданд, ки 306 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил медиҳад.




Сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон зироати ғалладона аз майдони умумии 248 ҳазор гектар дар беш аз 191 ҳазор гектар даравида шуд. Ба қавли ӯ, ҳосили


178 гектар

замин кӯфта шуда, он ҳудуди 335 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёдтар аст. Ба ҷамъоварии ҳосил беш аз 270 комбайни ғалладарав сафарбар карда шуданд, ки ҳамарӯза ҳосили 4-5 гектарро ҷамъоварӣ мекунанд.



Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Н.Додобоев,

 

дар майдони

108,7 гектар

кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин ба 107,7 фоизи иҷрои нақша баробар аст. Дар заминҳои холишуда дар 23 ҳазор гектар ҷуворимакка, дар 6 ҳазор гектар шолӣ, дар беш аз 10 ҳазор гектар зироатҳои дигари техникӣ, дар

730 гектар

картошка ва дар 1 ҳазору

637 гектар

зироатҳои полизӣ такороран кишт шуданд.



Ёдрас мекунем, ки соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ ӯҳдадор шуданд, ки ҳудуди 700 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оранд. «Соли гузашта дар майдони 273 ҳазору

403 гектар

зироати ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд, ки 649,3 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил

 

мекард», – афзуд сарчашма.

 



 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.