IFC бо «Тоҷиксобиротбонк» ва «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди қарз ба имзо расонид

Date:


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ менеҷери Лоиҳаи рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венди Вернер изҳор дошт, ки Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ҳамкориҳои худро бо бонкҳои Тоҷикистон густариш медиҳад.




Ба гуфтаи ӯ, IFC бо Ҷамъияити саҳомии кушодаи «Тоҷиксобиротбонк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди қарз ба имзо расонид.



Мавсуф зикр кард, ки корпоратсия ба «Тоҷиксобиротбонк» 10 млн. доллари амрикоӣ қарз ҷудо мекунад, ки 6 миллион барои рушди саноати кишоварзӣ ва 4 миллиони

 

он ба баргузории амалиёти лизингӣ равона карда мешаванд. Ғайр аз ин,


IFC


аз ҳисоби қарзҳои моливу тиҷоратии бонк ба соҳибкорони хурду миёна ихтисос додани қарз ба маблағи 5 млн. доллари амрикоиро кафолат медиҳад.



Корпоратсия ҳамчунин барои густариши фаъолият ба «Бонки аввалини молиягузории хурд» кӯмак менамояд. В.Вернер мегӯяд, ки чанде қабл миёни корпоратсия ва ин бонк созишномаи пешниҳоди хати қарзӣ ба имзо расидааст. Маблағи умумии қарз, ки баҳри афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба корхонаҳои хурду миёна равона мегардад, 3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



«Тиҷорати хурд дар Тоҷикистон зимни дастрасӣ ба таъмини молиявии дарозмуддат бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегардад ва пешниҳоди қарзҳои мазкур ба рушди бахши молиягузории хурд, ки омили асосии паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аст, мусоидат хоҳад намуд», – гуфт дар анҷом В.Вернер.




Маълумотнома:

IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...