IFC бо «Тоҷиксобиротбонк» ва «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди қарз ба имзо расонид

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ менеҷери Лоиҳаи рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венди Вернер изҳор дошт, ки Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) ҳамкориҳои худро бо бонкҳои Тоҷикистон густариш медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, IFC бо Ҷамъияити саҳомии кушодаи «Тоҷиксобиротбонк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди […]

Виктория Наумова


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ менеҷери Лоиҳаи рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венди Вернер изҳор дошт, ки Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ҳамкориҳои худро бо бонкҳои Тоҷикистон густариш медиҳад.




Ба гуфтаи ӯ, IFC бо Ҷамъияити саҳомии кушодаи «Тоҷиксобиротбонк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди қарз ба имзо расонид.



Мавсуф зикр кард, ки корпоратсия ба «Тоҷиксобиротбонк» 10 млн. доллари амрикоӣ қарз ҷудо мекунад, ки 6 миллион барои рушди саноати кишоварзӣ ва 4 миллиони

 

он ба баргузории амалиёти лизингӣ равона карда мешаванд. Ғайр аз ин,


IFC


аз ҳисоби қарзҳои моливу тиҷоратии бонк ба соҳибкорони хурду миёна ихтисос додани қарз ба маблағи 5 млн. доллари амрикоиро кафолат медиҳад.



Корпоратсия ҳамчунин барои густариши фаъолият ба «Бонки аввалини молиягузории хурд» кӯмак менамояд. В.Вернер мегӯяд, ки чанде қабл миёни корпоратсия ва ин бонк созишномаи пешниҳоди хати қарзӣ ба имзо расидааст. Маблағи умумии қарз, ки баҳри афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба корхонаҳои хурду миёна равона мегардад, 3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



«Тиҷорати хурд дар Тоҷикистон зимни дастрасӣ ба таъмини молиявии дарозмуддат бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегардад ва пешниҳоди қарзҳои мазкур ба рушди бахши молиягузории хурд, ки омили асосии паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аст, мусоидат хоҳад намуд», – гуфт дар анҷом В.Вернер.




Маълумотнома:

IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.