Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт, – О.Балаян

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми рӯзи якуми ҷаласаи 29-уми Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян изҳор дошт, ки Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нер […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми рӯзи якуми ҷаласаи 29-уми Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян изҳор дошт, ки Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нер


ӯ


ҳои низомии дифои ҳавоии То


ҷ


икистон саҳм хоҳанд гузошт.




Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли равон Русия баҳри таҳкими нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон 4 млн. рубли русӣ қарзи бебозгашт ҷудо намудааст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон сатҳи омодагии нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои дигари узви ИДМ камӣ надорад.



«Мо омодаем ба Тоҷикистон дар омода сохтани мутахассиони касбии ин соҳа дар муассисаҳои таълимии Русия ҳамаҷониба ёрӣ расонем», – гуфт ӯ.



Котиби кумита, полковники нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Русия Роман Викторов иттилоъ дод, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2008, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли оянда ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар семоҳаи чоруми соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.



«Дар ҷаласаи кумита қарор шуд, ки тамринҳои навбатии низомии нерӯҳои ҳарбии дифоъи ҳавоии кишварҳои узви ИДМ тобистони соли оянда дар тамрингоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Русия баргузор хоҳанд шуд», – гуфт Р.Викторов.



Имрӯз иштирокчиёни ҷаласа дар чорабиниҳои методиву омӯзишӣ, ки дар гӯшаи шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.



Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфармондеҳони нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия, Украина ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.