Иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад, – назари сиёсатшиноси тоҷик

Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Сиёсатшиноси тоҷик, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди изҳороти раиси ҷумҳури Гурҷистон бобати аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ гардидани ин кишвар изҳори тааасуф намуда, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳолат бозгӯи воқеияти ҳаққонии вазъ дар тамоми ИДМ шуда наметавонад ва барои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Сиёсатшиноси тоҷик, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди изҳороти раиси ҷумҳури Гурҷистон бобати аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ гардидани ин кишвар изҳори тааасуф намуда, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳолат бозгӯи воқеияти ҳаққонии вазъ дар тамоми ИДМ шуда наметавонад ва барои давлатҳои иттиҳод аҳамияти муҳимеро ҳам касб нахоҳад кард. Мавсуф мӯътақид аст, ки чунин қарор бидуни иродаи мардум қабул шудааст.




«Саакашвили ҳамеша барои фаъолияти самараноки иттиҳод ва ҳамкориҳои муфиди ҷонибҳо монеъа эҷод месохт, – гуфт ӯ. – Ман аз эҳтимоли аз ИДМ хориҷ гаштани Гурҷистон изҳори таассуф мекунам, вале пас аз таҷовуз ба мардуми кишвари хеш чунин қарори Саакашвилиро танҳо шодбош гуфтан мумкин асту халос». Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад.



Зимни посух ба суол дар мавриди он ки шояд Украина низ думболи Гурҷистон чунин қарор қабул намояд, С.Сафаров гуфт, ки «Украина нисбат ба Гурҷистон бо кишварҳои узви ИДМ, бахусус бо Русия робитаҳои густардае дорад, аз ин рӯ, хориҷ гаштани он аз эҳтимол дур аст».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.