Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард

Date:


Хуҷанд. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард.




Аз Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар санади ирсолшуда бо имзои роҳбари комиссия Маҳмуд Ҳамидов гуфта мешавад, ки парваришу ба ҳосил даровардани зироатҳои кишоварзӣ ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад ва дар сурати ба роҳ мондани кори мураттаб, бахусус истифодаи захираҳои обии обанбори Қайроққум мавсими обёриро метавон муваффақона анҷом дод. Оқои Маҳмудов изҳор дошт, ки айни замон дар обанбори Қайроққум 1 млрд. 470 млн. метри мукааб об захира карда шудааст ва аз он метавон 470 млн. метри мукаабашро истифода намуд.



Мавсуф баён дошт, ки агар ҳамарӯза аз обанбор 27 млн. метри мукааб об ҷорӣ гардад, то 1-уми сентябр дар он 1 млрд. метри мукааб об боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзиии Ӯзбекистон таъмини ҳамарӯзаи обро ба миқдори 2 млн. метри мукааб тавассути канали шимолии Фарғона ба минтақаи истгоҳҳои обкашии Маҳрам кафолат додааст, ки он норасоии обро дар Конибодом ҷуброн мекунад. «Айни замон дар обанбор захираи об кофӣ аст ва мо метавонем ҷоришавии онро афзоиш диҳем, – зикр кард сарчашма, – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ низ муқобил нест ва акнун зарур аст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуд, то онҳо барои афзоиш додани ҷоришавии об то


450 метр

дар як сония бо ҳукумат мувофиқа кунанд».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...