Хурӯҷи Гурчистон аз ҳайати ИДМ ба низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои узви иттиҳод ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, – назари фармондеҳони нерӯҳои ни

Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба умури дифоъи ҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе иштирокдорони он дар шарҳи изҳороти президенти Гурҷистон Михаил Саакшвили бобати хурӯҷи кишвараш аз ҳайъати ИДМ чунин изҳори назар карданд, ки хурӯҷи Гурчистон аз хайъати ИДМ ба низоми дифоъи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба умури дифоъи ҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе иштирокдорони он дар шарҳи изҳороти президенти Гурҷистон Михаил Саакшвили бобати хурӯҷи кишвараш аз ҳайъати ИДМ чунин изҳори назар карданд, ки хурӯҷи Гурчистон аз хайъати ИДМ ба низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои узви иттиҳод ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт.




Раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян гуфт, ки Гурҷистон дар низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои узви ИДМ нақши умдае надорад. Дар посух ба суолҳои бешуморе оид ба қазияи Осетияи Ҷанубӣ ва оқибатҳои он намояндагони кумита изҳор доштанд, ки онҳо дар шарҳи ин масъала салоҳиятдор нестанд.



Танҳо намояндаи Русия зикр кард, ки амалиёти низомӣ хотима ёфта, Русия нияти ишғоли қаламрави давлати дигарро надорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.