Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард

Хуҷанд. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард. Аз Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар санади ирсолшуда бо имзои роҳбари комиссия Маҳмуд Ҳамидов гуфта мешавад, ки парваришу ба ҳосил даровардани зироатҳои […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард.




Аз Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар санади ирсолшуда бо имзои роҳбари комиссия Маҳмуд Ҳамидов гуфта мешавад, ки парваришу ба ҳосил даровардани зироатҳои кишоварзӣ ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад ва дар сурати ба роҳ мондани кори мураттаб, бахусус истифодаи захираҳои обии обанбори Қайроққум мавсими обёриро метавон муваффақона анҷом дод. Оқои Маҳмудов изҳор дошт, ки айни замон дар обанбори Қайроққум 1 млрд. 470 млн. метри мукааб об захира карда шудааст ва аз он метавон 470 млн. метри мукаабашро истифода намуд.



Мавсуф баён дошт, ки агар ҳамарӯза аз обанбор 27 млн. метри мукааб об ҷорӣ гардад, то 1-уми сентябр дар он 1 млрд. метри мукааб об боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзиии Ӯзбекистон таъмини ҳамарӯзаи обро ба миқдори 2 млн. метри мукааб тавассути канали шимолии Фарғона ба минтақаи истгоҳҳои обкашии Маҳрам кафолат додааст, ки он норасоии обро дар Конибодом ҷуброн мекунад. «Айни замон дар обанбор захираи об кофӣ аст ва мо метавонем ҷоришавии онро афзоиш диҳем, – зикр кард сарчашма, – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ низ муқобил нест ва акнун зарур аст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуд, то онҳо барои афзоиш додани ҷоришавии об то


450 метр

дар як сония бо ҳукумат мувофиқа кунанд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.