Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард

Date:


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (АП СПАД) Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард ва изҳор дошт, ки амалиёти низомии Тифлис дар Осетияи Ҷанубӣ имкони гуфтушуниди сиёсии мусолиҳатомезро миёни тарафҳои даргир аз байн бурд.

 





«Бо баҳонаи барқарории тамомияти арзии кишвар Гурҷистон ба қатли оми мардуми осетин даст зад ва ин амал ба зуҳури фоҷеаи гуманитарӣ боис гардида, эҳтимолияти ҳалли мусолиматомези қазияро ғайрримкон сохт», – гуфта мешавад дар изҳороти АП СПАД.



Аъзои шӯро бар ин назаранд, ки воридшавии артиши Русия «чораи таъҷилӣ» буда, ба хотири амнияти аҳолии осоишта ва гурӯҳи низомии посдорони сулҳ сурат гирифт.



«Ахиран рафтори мақомоти раҳбарии Гурҷистон ба мавқеи аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мухолиф меомад», – зикр шудааст дар изҳорот.



Намояндагони парлумони кишварҳои узви СПАД аз мақомоти раҳбарии Гурҷистон даъват ба амал оварданд, ки аз баргузории ҳама гуна амалиёти низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ даст кашад.



СПАД соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.



Қобили зикр аст, ки изҳороти ин созмон танҳо пас аз панҷ рӯзи даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ баён гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...