Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар фестивали
II
-уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ намоишномаи «Зани сарватманд»-ро, ки аз рӯи песаи нависанда ва драматурги Озарбойҷон Алӣ Амирлӣ ба саҳна гузошта шудааст, пешкаши тамошобинон мекунад.
Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки фестивал аз 2-уми то 6-уми сентябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад.
«Песаро ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст ва айни замон ҳунармандон барои ширкат дар фестивал омодагӣ мегиранд», – изҳор дошт манбаъ. Қобили зикр аст, ки С.Усмонов ҳамин песаро дар саҳнаи театри драмавии русии ба номи В.Маяковский рӯи саҳна оварда буд.
Тибқи маълумоти сарчашма, дар фестивал театрҳои давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд варзид.


