Тоҷикистон дар фестивали II-уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ намоишномаи «Зани сарватманд»-ро пешкаши тамошобинон мекунад

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар фестивали II -уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ намоишномаи «Зани сарватманд»-ро, ки аз рӯи песаи нависанда ва драматурги Озарбойҷон Алӣ Амирлӣ ба саҳна гузошта шудааст, пешкаши тамошобинон мекунад. Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки фестивал аз 2-уми то […]

Виктория Наумова


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар фестивали


II


-уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ намоишномаи «Зани сарватманд»-ро, ки аз рӯи песаи нависанда ва драматурги Озарбойҷон Алӣ Амирлӣ ба саҳна гузошта шудааст, пешкаши тамошобинон мекунад.




Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки фестивал аз 2-уми то 6-уми сентябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад.



«Песаро ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст ва айни замон ҳунармандон барои ширкат дар фестивал омодагӣ мегиранд», – изҳор дошт манбаъ. Қобили зикр аст, ки С.Усмонов ҳамин песаро дар саҳнаи театри драмавии русии ба номи В.Маяковский рӯи саҳна оварда буд.



Тибқи маълумоти сарчашма, дар фестивал театрҳои давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд варзид.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.