Соҳибкорони зарардида аз сӯхтори бозори «Корвон» ба сарвари давлат муроҷиат намуданд

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳудуди дусад нафар соҳибкорони бозори «Корвон», ки аз сӯхтори рухдода хисорот бардоштаанд, унвонии президенти Тоҷикистон нома ирсол карданд. Дар мактуб гуфта мешавад, ки « сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан ба амал омадааст, зеро колоҳое, ки дар ҷойҳои махсус ва контейнерҳо ҷойгир шуда буданд, қабл аз оташзанӣ аз ҷониби […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳудуди дусад нафар соҳибкорони бозори «Корвон», ки аз сӯхтори рухдода хисорот бардоштаанд, унвонии президенти Тоҷикистон нома ирсол карданд.




Дар мактуб гуфта мешавад, ки « сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан ба амал омадааст, зеро колоҳое, ки дар ҷойҳои махсус ва контейнерҳо ҷойгир шуда буданд, қабл аз оташзанӣ аз ҷониби ашхоси номаълум ғорат карда шудаанд».



«Ҳамарӯза пас аз соати чори рӯз барқ дар тамоми бозор қатъ карда мешавад, аз ин рӯ сӯхтор бо сабаби ноҷӯриҳои ноқилҳои нерӯи барқ ба вуҷуд омада наметавонист», – гуфта мешавад дар нома.



Соҳибкорон мегӯянд, ки тақрибан ду моҳ пештар намояндагони бозори «Корвон» аз онҳо баёнот гирифтаанд, ки дар сурати сар задани сӯхтор онҳо масъулият надоранд.



Соҳибкорон аз сарвари давлат дархост кардаанд, ки ба мақомоти дахлдор супориш диҳад, то тафтишот дақиқу ҳмаҷониба гузаронида шавад.



«Тайи ду соли ахир дар бозор якчанд ҳодисаҳои сӯхтор рух доданд, вале сабабҳои он ва гунаҳкорон то ҳол муайян нагаштаанд ва ин моро водор сохт, ки ба сарвари давлат муроҷиат намоем», – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор Маҳина Умарова.



Соҳибкорон ҳамчунин аз президент дархост кардаанд, ки дар масъалаи барқарорсозии нуқтаҳои фурӯш ва озодсозии онҳо аз пардохти ҳама гуна андоз ба муддати ду сол мусоидат намояд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.