Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон ният дорад, дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳринав ду шӯъбаи таълимии омодасозии табибони оилавӣ боз кунад.
Аз Вазорати тандурустӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шӯъбаҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи идоравии «Дар бораи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар солҳои 2006-2010» ташкил карда мешаванд.
«Шӯъбаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи тиб дар маҳалҳо ташкил мегарданд», – изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои манбаъ чунин шӯъбаҳо аллакай дар шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои водии Рашт амал мекунанд.


