Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар Шаҳринав ва Данғара ду шӯъбаи омодасозии табибони оилавӣ боз мекунад

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон ният дорад, дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳринав ду шӯъбаи таълимии омодасозии табибони оилавӣ боз кунад. Аз Вазорати тандурустӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шӯъбаҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи идоравии «Дар бораи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар солҳои 2006-2010» ташкил карда мешаванд. «Шӯъбаҳои мазкур бо […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон ният дорад, дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳринав ду шӯъбаи таълимии омодасозии табибони оилавӣ боз кунад.




Аз Вазорати тандурустӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шӯъбаҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи идоравии «Дар бораи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар солҳои 2006-2010» ташкил карда мешаванд.



«Шӯъбаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи тиб дар маҳалҳо ташкил мегарданд», – изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои манбаъ чунин шӯъбаҳо аллакай дар шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои водии Рашт амал мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.