Дар Суғд барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба таъмири ҳамаҷонибаи гидрантҳо шурӯъ карданд

Хуҷанд. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони хоҷагии оби вилояти Суғд барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба таъмири ҳамаҷонибаи гидрантҳо шурӯъ карданд. Муовини сардори раёсати хоҷагии оби вилоят Ҳалим Хоҷаев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи барномаи давлатии истифодаи захираҳои об соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Мастчоҳ беш аз 40 […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони хоҷагии оби вилояти Суғд барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба таъмири ҳамаҷонибаи гидрантҳо шурӯъ карданд.




Муовини сардори раёсати хоҷагии оби вилоят Ҳалим Хоҷаев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи барномаи давлатии истифодаи захираҳои об соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Мастчоҳ беш аз 40 чоҳи обӣ аз таъмир бароварда шуданд ва ҳамчунин таъмири боз 75 чоҳ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.



«Ҳаҷми корҳои таъмир аз ҳолати чоҳ ва воситаҳои таъмини фаъолияти он вобаста аст, – гуфт ӯ. – Таҷҳизоти фарсудаи электрикӣ ва трансформаторҳо иваз ё таъмир карда мешаванд ва ин имкон фароҳам месозад, ки мушкилоти норасоии об бартараф гардад».



Мавсуф зикр кард, ки ба ҷуз барқарорсозии фаъолияти чоҳҳо, ҳамчунин каналҳои асосии обёрикунӣ, ки заминҳои кишти вилоятро бо об таъмин месозанд, низ тоза карда мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.