Швейтсария ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр медиҳад

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари ҳамоҳангсози барнома оид ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ Имомбердӣ Бердов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки имрӯз аз ҷониби Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи « WAW » ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр дода мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари ҳамоҳангсози барнома оид ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ Имомбердӣ Бердов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки имрӯз аз ҷониби Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «


WAW


» ба Тоҷикистон шаш беморхонаи сайёр дода мешавад.




Бино ба иттилои манбаъ, қувваҳои мусаллаҳи Швейтсария то соли 2010 бо лавозимоту таҷҳизоти нави тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, аз ин рӯ қарор шудааст, беморхонаҳои сайёрро, ки дар шароити гуногун метавон онро истифода намуд, ба Тоҷикистон дода шавад.



Арзиши як беморхонаи сайёр 72,3 ҳазор франки швейтсариро ($66 ҳазор) ташкил дода, маблағи умумии кӯмаки гуманитарӣ ба 400 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст. Беморхонаҳои сайёр дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва водии Рашт ҷойгир карда мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.