Корманди бонки пойтахт ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фонди махсус боз карданист

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи дар ноҳияи Сино будаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» Муллоёр Ёров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фондии махсус боз карданист. Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи мазкури бонк аллакай ба номи дзюдочии тоҷик Расул Боқиев […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи дар ноҳияи Сино будаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» Муллоёр Ёров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фондии махсус боз карданист.




Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи мазкури бонк аллакай ба номи дзюдочии тоҷик Расул Боқиев суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст ва рӯзҳои наздик масъалаи боз намудани фонди махсус низ ҳал мегардад.



«Пардохти аввалини ман ба ин суратҳисоб 300 сомонӣ аст ва ман мутмаинам, ки мардуми тоҷик маро дастгирӣ намуда, хизмати шоистаи Р.Боқиевро қадр хоҳад кард», – гуфт вай.



Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бобати омода сохтану ба Пекин фиристодани 15 нафар варзишгар кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, аз ӯҳдаи он бо сарбаландӣ баромадааст ва медали Расул Боқиев самараи ҳамин кӯшишу заҳматҳост.



Корманди бонк ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамаи хоҳишмандон дар дохилу хориҷи кишвар имкон доранд ба суратҳисоби варзишгар маблағ гузаронанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.