Айни замон сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ҳудуди 600 млн. сомониро ташкил медиҳад

Date:


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1 августи соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 598 млн. 507 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонкӣ ба таври зерин аст: Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 82,36%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 12,82%, корхонаҳои давлатӣ – 1,5% ва шахсони воқеӣ – 3, 32%. Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 49,78%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 20,56%, корхонаҳои давлатӣ – 29,43% ва шахсони воқеӣ – 0,23%.




Ёдрас мекунем, ки сандуқи қарзии бонк дар моҳи гузашта ба 592 млн. 488 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.





Маълумотнома:




Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...