Айни замон сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ҳудуди 600 млн. сомониро ташкил медиҳад

Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1 августи соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 598 млн. 507 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонкӣ ба таври зерин аст: Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 82,36%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 12,82%, корхонаҳои давлатӣ – 1,5% […]

root


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1 августи соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 598 млн. 507 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонкӣ ба таври зерин аст: Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 82,36%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 12,82%, корхонаҳои давлатӣ – 1,5% ва шахсони воқеӣ – 3, 32%. Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 49,78%, корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 20,56%, корхонаҳои давлатӣ – 29,43% ва шахсони воқеӣ – 0,23%.




Ёдрас мекунем, ки сандуқи қарзии бонк дар моҳи гузашта ба 592 млн. 488 ҳазор сомонӣ баробар шуда буд.





Маълумотнома:




Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.