Аз ҷараёни кори ҳамоиши СҲШ дар Душанбе беш аз 700 нафар рӯзноманигорон гузориш хоҳанд дод

Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев изҳор дошт, ки аз ҷараёни кори ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе беш аз 700 рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ гузориш хоҳанд дод. «Рӯзи дуввум аст, ки дар вазорат рӯзноманигоронро ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш   сабти ном мекунанд», – гуфт ӯ. […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев изҳор дошт, ки аз ҷараёни кори ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе беш аз 700 рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ гузориш хоҳанд дод.




«Рӯзи дуввум аст, ки дар вазорат рӯзноманигоронро ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш

 

сабти ном мекунанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Назриев, то имрӯз барои сабти ном рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва расонаҳои хабарии Бритониёи Кабир, Русия, Чин, Ҷопон, Эрон, Шветсия ва кишварҳои дигар муроҷиат кардаанд.



«Барои намояндагони васоити ахбори омма дар бинои нави Бонки Миллии Тоҷикистон маркази матбуот созмон дода мешавад, ки рӯзноманигорон ҷараёни баргузории ҳамоишро аз он ҷо инъикос хоҳанд кард, – иттилоъ дод сарчашма. – Дар Кохи «Сомон» нишасти матбуотии сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо доир мегардад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.