Аз ҷараёни кори ҳамоиши СҲШ дар Душанбе беш аз 700 нафар рӯзноманигорон гузориш хоҳанд дод

Date:


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев изҳор дошт, ки аз ҷараёни кори ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе беш аз 700 рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ гузориш хоҳанд дод.




«Рӯзи дуввум аст, ки дар вазорат рӯзноманигоронро ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш

 

сабти ном мекунанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Назриев, то имрӯз барои сабти ном рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва расонаҳои хабарии Бритониёи Кабир, Русия, Чин, Ҷопон, Эрон, Шветсия ва кишварҳои дигар муроҷиат кардаанд.



«Барои намояндагони васоити ахбори омма дар бинои нави Бонки Миллии Тоҷикистон маркази матбуот созмон дода мешавад, ки рӯзноманигорон ҷараёни баргузории ҳамоишро аз он ҷо инъикос хоҳанд кард, – иттилоъ дод сарчашма. – Дар Кохи «Сомон» нишасти матбуотии сарони кишварҳои узви СҲШ оид ба натиҷаи гуфтушунидҳо доир мегардад».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...