Дар ВМКБ ба баргузории конфронси ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ монеъа эҷод карданд, – Р.Зойиров

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба баргузории конфронси ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ монеъа эҷод карданд. Мавсуф изҳор дошт, ки барои аввалин бор ҳизб тасмим гирифт, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабинӣ доир созад ва роҳбари бахши вилоятии […]


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба баргузории конфронси ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ монеъа эҷод карданд. Мавсуф изҳор дошт, ки барои аввалин бор ҳизб тасмим гирифт, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабинӣ доир созад ва роҳбари бахши вилоятии ҳизб Алим Шерзамонов ҳанӯз ахири моҳи июл ба ҳокимияти маҳаллӣ муроҷиат карда буд, ки бо ин мақсад толори баргузории конфронсҳои мақомоти шаҳрдориро ба ихтиёри онҳо диҳанд.




«Дар оғоз муовини раиси вилоят Муҳаббатшо Рӯзадоров розӣ шуд, ки ба ин кор мусоидат хоҳад кард, аммо баъдтар ҳамеша «пагоҳ ҳал мекунем» гӯён аз мо худро дур мегирифт ва рӯзи охир бошад, тамоман аз баргузории конфронс даст кашид», – гуфт Р.Зойиров. Ҳамроҳи Р.Зойиров ҳамчунин се нафар аъзои Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ ба шаҳри Хоруғ омада буданд.



Ба қавли ӯ, қарор шудааст, ки конфронс дар дигар ҷо гузаронида шавад, вале «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва бахусус кормандони кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ фаъолона фазои номақбулро барои баргузории конфронс ба вуҷуд меоварданд».



«Бо вуҷуди ин конфронс муваффақона доир гашт, танҳо дар толори дигар ва ду соат дертар аз вақти муқарраргардида», – баён дошт раиси ҳизб.



Алим Шерзамонов бори дигар раиси бахши вилоятии ҲСДТ интихоб гардид. Дар конфронс ҳадаф ва вазифаҳои ҳизб дар солҳои наздик дар вилоят ва дурнамои стратегияи ширкати ҲСДТ дар интихоботи ояндаи порлумонии соли 2010 низ баррас


ӣ


шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.