Чор нафар варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд

Date:


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –


Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки то имрӯз ч


ор нафар варзишгарони тоҷик – шиноварон Катерина Измайлова ва Алишер Чингизов, камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов аз Бозиҳои Олимпии Пекин ба ватан баргаштанд. Варзишгарони дигари Тоҷикистон 24-уми август дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои Олимпии Пекин иштирок хоҳанд кард.




Ба гуфтаи Н.Латифов, ба наздики дар мусобиқоти гӯштини тарзи озод варзишгари Тоҷикистон Виталий Корякин дар сонияи 37-уми қувваозмоӣ аз гӯштингири Ҷопон Кенияи Юмото мағлуб шуд. Дар ин навъи мусобиқоти гӯштингирӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов рӯзи 21-уми август ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.



Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки имрӯз соати 18-у 45 дақиқаи вақти маҳаллӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқоти нимниҳоӣ қувваозмоии боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бо варзишгари қазоқ Еркибулан Шиналиев баргузор мешавад.



Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 66-ум ҷой гирифтааст.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...