Тоҷикони бурунмарзӣ ба сохтмони масҷид дар ноҳияи Ашт ёрӣ расониданд

Date:


Хуҷанд. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт маросими ба истифода додани масҷиди бузург баргузор шуд.




Сармутахассиси раёсат оид ба корҳои динии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вилояти Суғд Юнус Шарифов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масҷид

 

бо маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунанд, бунёд ёфтааст.



«Онҳо бо маблағҳои пулӣ кӯмак намуданд ва мутахасссисони маҳаллӣ бо ёрии сокинони ҷамоат тариқи ҳашар сохтмони масҷидро ба анҷом расониданд», – гуфт Ю.Шарипов.



Мавсуф зикр кард, ки муддати зиёдест, ки дар масҷиди тадриҷан бунёдёфта Абдураҳмон Дӯстматов имомхатибӣ мекунад. Дар масҷид дар як вақт то 500 нафар метавонанд ба тоату ибодат машғул шаванд. Феълан шумораи чунин масҷидҳои бузург дар вилояти Суғд ба 87 адад расидааст. Ҳамчунин боз 917 иншооту ҷойҳои нисбатан хурдтар барои иҷрои анъанаву расму оини мусулмонӣ мавҷуд мебошанд.

 





 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related