Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид сохтани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» ба парлумон пешн

Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид сохтани як қатор тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», ки соли 2003 қабул шуда буд, ба парлумон пешниҳод ироа кард. Мунир Каломуллоев, идоракуни зиддибӯҳронии ассотсиатсия, номзади илмҳои иқтисодӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз иқдоми мазкур соддакунии монеъаҳои […]


Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид сохтани як қатор тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», ки соли 2003 қабул шуда буд, ба парлумон пешниҳод ироа кард.




Мунир Каломуллоев, идоракуни зиддибӯҳронии ассотсиатсия, номзади илмҳои иқтисодӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз иқдоми мазкур соддакунии монеъаҳои тартиботи эътирофи муфлисшавӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ мебошад.



Тибқи рейтинги Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба роҳ мондани фаъолияти тиҷоратӣ», аз рӯи нишондиҳандаи қатъи фаъолияти тиҷоратӣ тавассути тартиботи муфлисшавӣ Тоҷикистон дар байни 178 кишвар мақоми 99-умро ишғол менамояд. Мавсуф чунин баён дошт: «Ҷумҳурӣ нисбат ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чун Русияву Гурҷистону Қазоқистон мақоми болотарро соҳиб аст, вале сарфи назар аз он, минбаъд низ ислоҳотро дар самти соддакунии тартиботи муфлисшавӣ бояд идома дод, зеро тавассути он ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Албатта, он дар рейтинги Бонки ҷаҳонӣ низ дарҷ хоҳад гардид, ки он нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байнулмилалӣ ба маротиб боло хоҳад бурд, зеро рейтинги Бонки ҷаҳонӣ асноди заминавӣ барои сармоягузорони хориҷӣ маҳсуб мешавад».



Ба ақидаи коршиносони иттиҳодияи ҷамъиятии «Ассотсиатсияи идоракунандагони зиддибӯҳронии ҷумҳурӣ», тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба соддакунии назарраси тартиботи эътирофи муфлисшавӣ мусоидат карда, ба соҳибкорон имкон фароҳам месозанд, ки вақт ва хароҷоти пулиро сарфа намоянд. «Дар ҳамин ҳол, қобили қайд аст, ки ҷорӣ сохтани тағйироту иловаҳои пешбинишуда аз буҷаи ҷумҳурӣ хароҷот талаб намекунанд, баръакс, молиягузории як қатор мақомоти марбут ба баррасии эътирофи муслифшавӣ коҳиш хоҳад ёфт», – таъкид сохт дар анҷом М.Каломуллоев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.