Тоҷикони бурунмарзӣ ба сохтмони масҷид дар ноҳияи Ашт ёрӣ расониданд

Хуҷанд. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт маросими ба истифода додани масҷиди бузург баргузор шуд. Сармутахассиси раёсат оид ба корҳои динии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вилояти Суғд Юнус Шарифов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масҷид   бо маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи […]


Хуҷанд. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт маросими ба истифода додани масҷиди бузург баргузор шуд.




Сармутахассиси раёсат оид ба корҳои динии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вилояти Суғд Юнус Шарифов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масҷид

 

бо маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунанд, бунёд ёфтааст.



«Онҳо бо маблағҳои пулӣ кӯмак намуданд ва мутахасссисони маҳаллӣ бо ёрии сокинони ҷамоат тариқи ҳашар сохтмони масҷидро ба анҷом расониданд», – гуфт Ю.Шарипов.



Мавсуф зикр кард, ки муддати зиёдест, ки дар масҷиди тадриҷан бунёдёфта Абдураҳмон Дӯстматов имомхатибӣ мекунад. Дар масҷид дар як вақт то 500 нафар метавонанд ба тоату ибодат машғул шаванд. Феълан шумораи чунин масҷидҳои бузург дар вилояти Суғд ба 87 адад расидааст. Ҳамчунин боз 917 иншооту ҷойҳои нисбатан хурдтар барои иҷрои анъанаву расму оини мусулмонӣ мавҷуд мебошанд.

 





 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.