Дар Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ кард

Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ капитан Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори ситоди кулли […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ капитан Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.




Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Рамил Нодиров роҳбарӣ мекунад.



«Дар ҷаласа баррасии масоили иҷрои нақшаи сохтмони эътилофи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ то соли 2010 ва такмили омодагии фавриву низомии нерӯҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъии созмон дар назар аст», – изҳор дошт манбаъ.



Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин масъалаҳои муқаррароти таҳия, маблағгузорӣ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки созмон дар солҳои 2009-2009 ва тасдиқи нақшаи баргузории машварати коршиносон оид ба масоили такмили ҳамкориҳои низомӣ низ муҳокима хоҳанд шуд.



«Пагоҳ ҳайати намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар давраи ниҳоии чаҳоруми тамрини муштараки ситодҳо ва ҳайатҳои қумондонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – «Сарҳад – 2008» иштирок хоҳанд кард.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 14-уми феврали соли 1992 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис дода шудааст ва ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.