Дар Душанбе аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ натиҷагирӣ мекунанд

Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе семинар оид ба мониторинг ва натиҷагирӣ аз Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ баргузор мешавад. Дар семинар ҳудуди 20 нафар намояндаи вазорату муассисаҳо иштирок мекунанд. Иштирокдорони семинар ният доранд, аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ ва нақши он дар Стратегияи миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе семинар оид ба мониторинг ва натиҷагирӣ аз Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ баргузор мешавад.




Дар семинар ҳудуди 20 нафар намояндаи вазорату муассисаҳо иштирок мекунанд. Иштирокдорони семинар ният доранд, аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ ва нақши он дар Стратегияи миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ натиҷагирӣ кунанд.



Ба гуфтаи масъули баргузории семинар, корманди шӯъбаи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов, мувофиқи маълумоти натиҷаҳои мониторинги соли гузашта, ҷараёни ислоҳоти идораи давлатӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. «Яке аз сабабҳои чунин ҳолат дар он ифода меёбад, ки заминаи зарурии иттилоотӣ барои баргузории мониторинг, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот мавҷуд нест», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст, ки Стратегияи мазкур соли 2006 аз ҷониби президент тасдиқ гардида, то соли 2015 идома меёбад.



Дар семинар зикр гардид, ки барои татбиқи самараноки стратегия таъсиси Шӯрои миллии рушд дар ҳайати мансабдорони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, баргузории чунин семинарҳо барои васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар намояндагони ҷомеа низ дар назар аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.