ШСХК «Барқи тоҷик»: Барои захираи об то ҳадди ниҳоии обанбори «Норак» 17 метр боқӣ монд

Date:


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз сатҳи об дар обанбори Норак ба


894 метр

баробар буда, барои расидан ба ҳадди ниҳоии он

17 метр

боқӣ мондааст.




Ба иттилои манбаъ, ин ҳафта ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш ба 820-830 метри мукааб дар як сония расидааст. «Дар даҳаи аввали моҳи август ҳангоми 40-43 дараҷа гарм будани ҳарорат миқдори ҷоришавии оби дарёи Вахш 1000-1100 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод ва сатҳи об дар як шабонарӯз то

50 сантиметр

боло мерафт», – изҳор дошт манбаъ.



Намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» зикр кард, ки соли гузашта об дар обанбор 17-уми сентябр то ҳадди ниҳоӣ захира гардида буд. «Тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон, ахири моҳи август ва даҳаи аввали моҳи сентябр ҳарорати гармӣ то 40-43 дараҷа боло меравад ва мо умедворем, ки то ахири моҳи сентябр дар обанбор об то ҳадди ниҳоӣ захира хоҳад гардид», – гуфт намояндаи ширкат.



«Айни замон ҳамарӯза сатҳи об то

17 сантиметр

боло меравад ва ҳарчанд то сатҳи ниҳоӣ

17 метр

боқӣ монда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардидааст», – таъкид сохт манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...