Намояндагони санъати Чин ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд

Date:



           

Душанбе. 26-ми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 29-ум то 31-уми август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Чин доир мегарданд.





           

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайати иборат аз 44 нафари намояндагони Чин таҳти муовини вазири фарҳанги ин кишвар Динг Вейем аллакай ба Душанбе омаданд. Чорабиниҳои асосӣ дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешаванд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Чин дар аксҳои суратгирони тоҷик»-и Заур Дахте пешкаши тамошобинон мегардад. Ҳамчунин муаррифиномаи китоби муовини Шӯрои машваратии мардумии сиёсии Чин Сун Сядҷен бо номи «Орзую омоли фарҳанги кунунии Чин» низ доир мегардад.



Дар «Кохи Ваҳдат» баргузории консерти дастаҳои ҳунарии мусиқии Чин пешбинӣ шудаанд. Намояндагони Чин ният доранд, ҳамчунин аз ноҳияҳои Турсунзода ва Варзоб низ боздид намоянд.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related