Кишварҳои шарики Русия бояд эътирофи Осетияи Ҷаанубӣ ва Абхазистонро бидуни эҳсосоти зиёдатӣ дастгирӣ кунанд, – С.Сафаров

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон аз ҷониби Русия идомаи мантиқии масъалаи ҳалли низоъ дар Қафқоз аст. Сиёсатшинос таъкид сохт, ки вазъи имрӯза ҳанӯз бозгӯи ҳалли ниҳоии масъала нест. «Бо назардошти вайрон кардани […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров изҳор дошт, ки эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон аз ҷониби Русия идомаи мантиқии масъалаи ҳалли низоъ дар Қафқоз аст.




Сиёсатшинос таъкид сохт, ки вазъи имрӯза ҳанӯз бозгӯи ҳалли ниҳоии масъала нест. «Бо назардошти вайрон кардани созишнома бо Русия ва амали таҷовузгаронаи Саакашвили нисбат ба мардуми осетин, ман чунин мешуморам, ки иқдомоти Русия бар зидди зӯроварӣ ва татбиқи сиёсати меъёрҳои дугона саривақтӣ ва дуруст сурат гирифт», – гуфт ӯ ва вуруди нерӯҳои низомии Амрико ба Ироқ ва аз ҷониби як қатор кишварҳои ғарб эътироф кардани Косоворо хотиррасон намуд.



«Ҳарчанд Саакашвили амали худро бо барқарор сохтани сохти конститутсионӣ асоснок менамояд, лекин далелҳо бозгӯи воқеияти тамоман дигаранд, онҳо аз содир намудани қатли ом шаҳодат медиҳанд», – андешаронӣ мекунад сиёсатшинос.



Ба қавли С.Сафаров, қазияи мазкур решаҳои таърихӣ дорад ва иқдоми Русия ба мардуми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон имкон фароҳам сохт, ки роҳи минбаъдаи худро мустақилона интихоб намоянд. «Мардум бо парчамҳои Русия истиқлоли миллии худро ҷашн гирифтанд ва ин гувоҳи он аст, ки амали Русия дуруст аст», – изҳор дошт ӯ.



«То имрӯз меъёри тамомияти арзии Гурҷистон, ки мухолифи меъёри «ҳуқуқи миллат оид ба худмуайянкунӣ» аст, ба назари эътибор гирифта мешуд ва имрӯз онро кишварҳои Ғарб зери тозиёнаи танқид гирифтаанд», – таъкид сохт коршинос.



С.Сафаров зикр кард, ки Русия тайи 15 сол ҳалли мусолиматомези қазияро тибқи меъёри «тамомияти арзии Гурҷистон» хостор буд, вале Саакашвили онро нодида гирифт ва Русия маҷбур шуд ба ҳалли қазия мувофиқи меъёри дуввум иқдом намояд.



Дар шарҳи масъалаи вокуниши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар робита ба ин қазия С.Сафаров чунин изҳори ақида намуд, ки кишварҳои шарики Русия бояд эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро бидуни эҳсосоти зиёдатӣ дастгирӣ кунанд. «Бо чунин амал онҳо зидди хунрезӣ будан ва инкори истифодаи зӯровариро дар сиёсати байнулмилалӣ зоҳир хоҳанд сохт», – гуфт ӯ.



«Ман бар чунин назарам, ки ҳамин тавр кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ бояд бечунучаро аз мавқеи Русия пуштибонӣ намоянд», – гуфт сиёсатшинос ва назари худро бо он асоснок кард, ки Русия аз манфиатҳои ду халқ ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки миёни кишварҳои ИДМ бархе аз давлатҳо аз пуштибонии мавқеи Русия манфиатдор нестанд. «Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии Русия, аъзои ИДМ, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бояд аз мавқеи Русия пуштибонӣ намояд», – гуфт дар анҷом С.Сафаров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.