И.Каримов: Муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба болоравии афзоиши хатар ба амнияти минтақа дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва амали тундгароӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохт.




Сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки сарфи назар аз кӯшишоти бесобиқаи ҳукумати Карзай оид ба барқарории сулҳу салоҳ дар Афғонистон, вазъ он ҷо пайваста муташанниҷ мегардад, ки ин ба кишварҳои минтақа низ бетаъсир буда наметавонад. «Истеҳсоли афюн дар Афғонистон аллакай ба беш аз 8 ҳазор тонна расида, он сарчашмаи маблағгузории терроризм ва заминаи омода сохтани муҷоҳидони тоза мегардад», – таъкид сохт И.Каримов.



Ба гуфтаи ӯ, муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард. «Ин кишвар ба кӯмаки муассири бештаре эҳтиёҷманд аст, то зерсохтори иҷтимоиву иқтисодиро барқарор сохта, мардумро аз нодориву фақр наҷот бидиҳад, – идома дод сарвари давлати Ӯзбекистон. – Муҳимаш он аст, ки барои муносиботи эҳтиромона ба арзишҳои милливу динӣ замина бояд фароҳам сохт, зеро ба назари ман, ин масъала дар оштӣ додани тарафҳои даргири кишвар нақши ҳалкунанда дорад».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...