Н.Назарбоев: Дар сурати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ муомилоти мол миёни кишварҳои СҲШ метавонад ба $70 млрд. баробар ш

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон суст ҷараён дорад. Вай чунин баён дошт: «Табиист, ки ахиран дар фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми муҳим касб мекунад, вале сарфи назар аз […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон суст ҷараён дорад.




Вай чунин баён дошт: «Табиист, ки ахиран дар фаъолияти СҲШ ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми муҳим касб мекунад, вале сарфи назар аз тасвиби як қатор санадҳо воқеият чандон қаноатбахш нест. Моро зарур аст, вазъи мавҷударо амиқ таҳлил намоем ва ҷиҳати вусъати назарраси ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоративу иқтисодӣ чораҳои муассир биандешем. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки бо ин мақсад бояд кори таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи Шӯрои кории созмон тезонида шавад.



Сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ташаккули Фонди рушди СҲШ имкон медиҳад, ки захираҳои молиявӣ ҷиҳати ҳамгииойии кишварҳо сафарбар карда шавад. Ба гуфтаи Н.Назарбоев, дар сурати ҳаамгиройии иқтисодии муваффақонаи кишварҳо дар минтақа, тибқи пешгӯиҳои ахири коршиносон, давлатҳои узви СҲШ дар соли 2020 то 30 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии глобалиро таъмин хоҳанд сохт ва дар солҳои наздик муомилоти мол миёни кишварҳо метавонад ба беш аз 70 млрд. доллари амрикоӣ баробар шавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.