Ху Тсзинтао: Тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини амният ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт. «Кишварҳои узви созмон дар бисёр ҳолатҳо, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими истиқлолият, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки тӯли 7 соли фаъолият СҲШ ба беҳбуд сохтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини амният ва рушди иқтисоди минтақа муваффақ гашт.




«Кишварҳои узви созмон дар бисёр ҳолатҳо, аз ҷумла масъалаҳои таҳкими истиқлолият, таъмини амният ва дигар масоили мубрами сатҳи миллӣ ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд ва ин моро водор месозад, ки баҳри муттаҳидии созмон кӯшиш ба харҷ диҳем», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, сарвари давлати Чин қайд кард, ки «вазъ дар ҷаҳон начандон ором аст». Аз ҷумла ӯ, баён дошт, ки «муносиботи байнулмилалӣ торафт печидатар мегарданд, таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ дар ҳоли афзоишанд ва дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ хараҷу мараҷ ва бесуботӣ ҳукмфармост».



«Ҳалли масоили минтақавии мо ба машварату маслиҳати кишварҳои ин минтақа вобаста аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба туфайли рушду густариши амиқи ҳамкории минтақавӣ метавон мушкилоти мавҷударо осонтар паси сар кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.