Нишасти СҲШ бо имзои як қатор аснод ба анҷом расид

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -« ozodi . org » – Сарони кишварҳои узви СҲШ дар поёни нишасти 8-умини ин созмон дар Душанбе, ки имрӯз ба охир расид, Эъломияи Душанберо қабул карданд. Дар Эъломия аз ҷумла омадааст, ки ҳалли зиддиятҳои маҳаллӣ тариқи силоҳ ва таҳким бахшидани амнияти худ аз ҳисоби зарар ба амнияти дигарон дархӯри […]

ozodi.org


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -«


ozodi


.


org


» – Сарони кишварҳои узви СҲШ дар поёни нишасти 8-умини ин созмон дар Душанбе, ки имрӯз ба охир расид, Эъломияи Душанберо қабул карданд.




Дар Эъломия аз ҷумла омадааст, ки ҳалли зиддиятҳои маҳаллӣ тариқи силоҳ ва таҳким бахшидани амнияти худ аз ҳисоби зарар ба амнияти дигарон дархӯри амнияти саросарӣ нест.



Ҳамчунин, дар ин Эъломия зикр шудааст, ки ба таҳдидҳои умумӣ бояд тариқи риояи бекамукости оинномаи Созмони Милал ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ муносибат шавад.




 



Дар Эъломия омадааст, кишварҳои узви СҲШ аз

 

вазъи қаблан дар атрофи қазияи Осетияи Ҷанубӣ ба вуқӯъ пайваста, изҳори нигаронӣ карданд ва хостори ҳалли қазия тариқи музокирот шуданд.



Кишварҳои узви СҲШ аз 6 меъёри танзими низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ истиқбол карда, аз нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳ ва ҳамкорӣ дар ин минтақа пуштибонӣ карданд.



Раисҷумҳурони Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорие дар мавриди тавофуқ сари тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ва ғайра имзо гузоштанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.