И.Каримов: Муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба болоравии афзоиши хатар ба амнияти минтақа дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва амали тундгароӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохт. Сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки сарфи назар аз кӯшишоти бесобиқаи ҳукумати Карзай оид […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба болоравии афзоиши хатар ба амнияти минтақа дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва амали тундгароӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохт.




Сарвари давлати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки сарфи назар аз кӯшишоти бесобиқаи ҳукумати Карзай оид ба барқарории сулҳу салоҳ дар Афғонистон, вазъ он ҷо пайваста муташанниҷ мегардад, ки ин ба кишварҳои минтақа низ бетаъсир буда наметавонад. «Истеҳсоли афюн дар Афғонистон аллакай ба беш аз 8 ҳазор тонна расида, он сарчашмаи маблағгузории терроризм ва заминаи омода сохтани муҷоҳидони тоза мегардад», – таъкид сохт И.Каримов.



Ба гуфтаи ӯ, муносибат ба мушкилоти Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард. «Ин кишвар ба кӯмаки муассири бештаре эҳтиёҷманд аст, то зерсохтори иҷтимоиву иқтисодиро барқарор сохта, мардумро аз нодориву фақр наҷот бидиҳад, – идома дод сарвари давлати Ӯзбекистон. – Муҳимаш он аст, ки барои муносиботи эҳтиромона ба арзишҳои милливу динӣ замина бояд фароҳам сохт, зеро ба назари ман, ин масъала дар оштӣ додани тарафҳои даргири кишвар нақши ҳалкунанда дорад».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.