М.А.Дурронӣ: Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ та

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Замони сиёсатмадорӣ ва имконоти фаъолияти Парвиз Мушарраф чун сиёсатмадор ба анҷом расиданд ва ӯ бо тақозои мардум аз вазифааш истеъфо дод», – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Сомони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ.




«Ҳукумати Покистон ба Парвиз Мушарраф имкон фароҳам сохт, то минбаъд дар ватан ё хориҷ аз он ба сар барад», – гуфт ӯ.



Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки замони ҳукмронии Мушарраф Покистон дар баробари ноил гаштан ба як қатор дастовардҳо, имконоти зиёдеро дар мубориза бар зидди терроризм истифода бурда натавонист ва дар таъмини рушди иқтисодӣ низ бисёр имконот аз даст дода шуданд.



«Ман чун сиёсатмадор ва собиқ генерали артиши Покистон, ки қаблан ҷонибдори сари қудрат омадани Мушарраф будам, аз истеъфои ӯ таассуф намехӯрам, зеро он ногузир буд», – афзуд Дурронӣ.



Ёдрас мекунем, ки дар қатори давлатҳои Ҳиндустон, Муғулистон ва Эрон ҳайати Покистон имрӯзҳо дар нишасти СҲШ чун кишвари нозир иштирок мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...