Д.Медведев: Тоҷикистону Русия бобати истифодаи муштараки фурудгоҳи «Ҳисор» тавофуқ ҳосил карданд

Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Русия бобати истифодаи муштараки фурудгоҳи «Ҳисор» (Айнӣ) тавофуқ ҳосил карданд. «Мо дар бораи истифодаи муштараки ин фурудгоҳ аз ҷониби вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ва анҷоми сохтмони як қатор иншоот дар он ҷо тавофуқ ҳосил намудем», – гуфт президенти Русия Дмитрий Медведев. Д.Медведев изҳор дошт, ки зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба […]

Виктория Наумова


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Русия бобати истифодаи муштараки фурудгоҳи «Ҳисор» (Айнӣ) тавофуқ ҳосил карданд.




«Мо дар бораи истифодаи муштараки ин фурудгоҳ аз ҷониби вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ва анҷоми сохтмони як қатор иншоот дар он ҷо тавофуқ ҳосил намудем», – гуфт президенти Русия Дмитрий Медведев.



Д.Медведев изҳор дошт, ки зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, зеро айни замон «он ба имконоти мавҷуда ҷавогӯ нест».



Дар мавриди иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетики Тоҷикистон президенти Русия зикр кард, ки кишвараш дар сохтмони се лоиҳаҳо дар рӯдхонаҳои дохили Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.



«Мо дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун низ иштирок хоҳем кард ва феълан гурӯҳҳои корӣ рӯйи таҳияи санади ниҳоии ҳамкорӣ дар ин хусус кор мекунанд», – гуфт ӯ.



Ғайр аз ин, сарвари давлати Русия баён дошт, ки Русия ҷиҳати корҳои иктишофӣ, ҷустуҷӯ, истиҳроҷ ва азхуд кардани конҳои газу урани Тоҷикистон омода аст, ҳамкорӣ намояд.



«Дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати истихроҷ ва истифодаи газ ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кардааст ва агар мо ба таври бояду шояд фаъолиятро дар ин самт роҳандозӣ намоем, пас 2 ё 2,5 сол Тоҷикистон соҳиби гази худӣ мешавад», – афзуд Д.Медведев

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.