Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мактаби дуошёна дарҳои худро рӯи толибилмон боз кард

Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мактаби дуошёна дарҳои худро рӯи толибилмон боз кард. Аз мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахири ҳафтаи гузашта раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани мактаби нави замонавӣ дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара иштирок кардааст. Мактаб барои […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мактаби дуошёна дарҳои худро рӯи толибилмон боз кард. Аз мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ахири ҳафтаи гузашта раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани мактаби нави замонавӣ дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара иштирок кардааст. Мактаб барои 240 нафар пешбинӣ гардида, дар он дар ду баст то 500 нафар таҳсил мекунанд. Иншоотро раёсати сохтмони шаҳри Исфара бунёд намуд.




Барои сохтмони мактаби мазкур 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шуд, ки 800 ҳазор сомонии он маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ, 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоятӣ ва боқимонда аз хисоби хоҷагиҳои ёрирасон мебошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.