Э. Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ ба президенти Қирғизистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд

Date:


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ унвонии президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Дар барқия, аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон ният дорад, барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти ҳамкорӣ кӯшишот ба харҷ дода, баҳри рушди муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилаи барои ҷонибҳо судманд аз тамоми воситаву роҳҳо истифода барад».



«Бо қаноатмандӣ таъкид месозам, ки солҳои ахир дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон тамоили рушди бемайлон ба мушоҳида мерасад, ки мулоқоту гуфтушуниди мунтазами пурсамари мо низ гувоҳи он аст», – гуфта мешавад дар барқия.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...