Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои баргузории озмуни байнулмилалии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» омодагии ҳамаҷониба хоҳад гирифт

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ гирифтан ва баргузории озмуни байнулмилалии мусиқии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» бо як қатор пешниҳоду дархост муроҷиат намояд. Раиси Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон дар кишвар чунин толоре ё маконе мавҷуд […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ гирифтан ва баргузории озмуни байнулмилалии мусиқии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» бо як қатор пешниҳоду дархост муроҷиат намояд.




Раиси Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон дар кишвар чунин толоре ё маконе мавҷуд нест, ки дар он чорабиниҳои сатҳи ин озмуни байнулмилалӣ гузаронида шаванд. «Вале чун моро ба ин лоиқ донистанд, пас кӯшиш бояд ба харҷ дод, ки барои гузаронидани он дар сатҳи зарурӣ тамоми чораҳо андешида шаванд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид.


Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд.



Дар муддати се рӯзи ҳунарнамоӣ ба Таҳмина Ниёзова муяссар гардид, ки аз ҳама бештар овози тамошобинон – 216 холро соҳиб шавад. Ҷои дуввум бо 215 хол насиби гурӯҳи «Кватро» гардид.



Бо ғалабаи Т.Ниёзова, акнун мизбони ояндаи озмуни навбатии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» шаҳри Душанбе мешавад. Ҷозаи Гран-приро ба овозхони ҷавони тоҷики раиси ҳакамони озмун, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон супурд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.