Э. Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ ба президенти Қирғизистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ унвонии президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд. Дар барқия, аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон ният дорад, барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти ҳамкорӣ кӯшишот ба харҷ дода, баҳри рушди муносиботи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлоли давлатӣ унвонии президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Дар барқия, аз ҷумла омадааст: «Тоҷикистон ният дорад, барои истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти ҳамкорӣ кӯшишот ба харҷ дода, баҳри рушди муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилаи барои ҷонибҳо судманд аз тамоми воситаву роҳҳо истифода барад».



«Бо қаноатмандӣ таъкид месозам, ки солҳои ахир дар муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон тамоили рушди бемайлон ба мушоҳида мерасад, ки мулоқоту гуфтушуниди мунтазами пурсамари мо низ гувоҳи он аст», – гуфта мешавад дар барқия.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.