Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои баргузории озмуни байнулмилалии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» омодагии ҳамаҷониба хоҳад гирифт

Date:


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ гирифтан ва баргузории озмуни байнулмилалии мусиқии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» бо як қатор пешниҳоду дархост муроҷиат намояд.




Раиси Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон дар кишвар чунин толоре ё маконе мавҷуд нест, ки дар он чорабиниҳои сатҳи ин озмуни байнулмилалӣ гузаронида шаванд. «Вале чун моро ба ин лоиқ донистанд, пас кӯшиш бояд ба харҷ дод, ки барои гузаронидани он дар сатҳи зарурӣ тамоми чораҳо андешида шаванд», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид.


Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд.



Дар муддати се рӯзи ҳунарнамоӣ ба Таҳмина Ниёзова муяссар гардид, ки аз ҳама бештар овози тамошобинон – 216 холро соҳиб шавад. Ҷои дуввум бо 215 хол насиби гурӯҳи «Кватро» гардид.



Бо ғалабаи Т.Ниёзова, акнун мизбони ояндаи озмуни навбатии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» шаҳри Душанбе мешавад. Ҷозаи Гран-приро ба овозхони ҷавони тоҷики раиси ҳакамони озмун, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон супурд.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related