Иттифоқҳои касабаи Суғд фарзандони оилаҳои камбизоатро бо сарулибоси мактабӣ таъмин карданд

Хуҷанд. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қабл аз оғози соли хониши нав дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон иттифоқҳои касаба иқдоми таъмини фарзандони оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабиро роҳандозӣ намуданд. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории иқдоми мазкур ҳудуди 500 нафар хонандагон […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қабл аз оғози соли хониши нав дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон иттифоқҳои касаба иқдоми таъмини фарзандони оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабиро роҳандозӣ намуданд.




Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории иқдоми мазкур ҳудуди 500 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабӣ таъмин карда шуданд.



Ҳамчунин кумитаҳои иттифоқҳои касабаи корхонаҳои саноатии «Дӯстӣ Амирхон», «САТН» ва «Ҷавонӣ» ба фарзандони беш аз 50 оилаҳои камбизоат, ки дар корхонаашон кор мекунанд, сарулибоси мактабӣ тақдим намуданд. «Иқдоми мазкур ҳамасола баргузор мешавад ва соли гузашта фарзандони оилаҳои куамбизоат бо сарулибоси варзишӣ таъмин гардида буданд», – гуфт дар анҷом С.Зокиров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.