Дар Душанбе қаллобе, ки бо роҳи фиреб соҳиби беш аз 16 ҳазор доллари амрикоӣ шудааст, ба даст афтод

Date:


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар қаллобӣ нозири шӯъбаи кадрҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мовароуннаҳр» Хуршеда Ҳаитоваро боздошт намуданд.




Тибқи иттилои сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев, боздоштшуда ба боварии сокини шаҳри Панҷакент Гулбаҳор Солиева даромада, аз ӯ бо роҳи фиреб 16 ҳазору 600 доллари амрикоӣ мегирад.



«Х.Ҳаитова ба ҷабрдида санадҳои тақаллубиро барои гирифтани манзили зист дар биное, ки дар кӯчаи Табачная сохтмонаш идома дорад, пешниҳод сохта, пас аз соҳиби маблағ шудан бедарак мешавад», – иттилоъ дод манбаъ. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...