Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ шадидтар шуд

            Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ шадидтар шуд. Аз 11-уми сентябр интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 9 соат муқаррар шудааст. Қобили зикр аст, ки аз 1-уми сентябр дар қаламрави кишвар, ба ҷуз пойтахт, марказҳои вилояту ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ гардида […]

Аваз Юлдошев/Виктория Наумова



           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли барқ шадидтар шуд. Аз 11-уми сентябр интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 9 соат муқаррар шудааст. Қобили зикр аст, ки аз 1-уми сентябр дар қаламрави кишвар, ба ҷуз пойтахт, марказҳои вилояту ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд, ки он аз соати 22.30 то 03.30 дақиқаро дар як шабонарӯз дар бар мегирифт.





           

Аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки реҷаи шадиди интиқоли нерӯи барқ на танҳо ба аҳолӣ, балки ба корхонаву муассисаҳои саноатӣ низ дахл хоҳад дошт ва дар ин бора бо ҳукумат тавофуқ ҳосил шудааст.




           

«Аҳолӣ аз соати 17.00 то 21.30

 

ва соати 3.30 то 8.00 дақиқа бо нерӯи барқ таъмин карда хоҳад шуд ва он ба корхонаҳое, ки аз пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ қарздор нестанд, мувофиқи реҷаи дар он минтақа ҷоригардида интиқол дода хоҳад шуд», – иттилоъ доданд аз ширкати «Барқи тоҷик» ва зикр карданд, ки алҳол чунин маҳдудиятҳо дар пойтахт ҷорӣ намешаванд.




           

Ба иттилои манбаъ, айни замон мизони ҷоришавии об дар дарёи Вахш ба 556 метри мукааб баробар буда, сатҳи об дар обанбори «Норак» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта


8 метр

поинтар аст. Зикр гардид, ки чунин чораҳо бо мақсади захираи кофии об ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимстони имсола андешида шудаанд.




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта реҷаи интиқоли барқ дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми октябр ва дар шаҳри Душанбе аз 21-уми ноябр ҷорӣ гардида буд ва он 18 майи соли ҷорӣ бекор шуда буд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.