Гумрукчиёни фурудгоҳи пойтахт аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Самара ҷилавгирӣ карданд

            Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ карданд. Аз дафтари матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чанде қабл сокини ноҳияи Роштқалъа, мусофири хатсайри парвози ҳавопаймои […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ карданд.




Аз дафтари матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чанде қабл сокини ноҳияи Роштқалъа, мусофири хатсайри парвози ҳавопаймои Душанбе-Самара Бахтиёр Ҷунайдов боздошт гардид.



«Ҳангоми азанзаргузаронии борхалтаи сафарии ӯ ошкор гашт, ки Б.Ҷунайдов тавассути дар дохили зардолуи хушк ҷой кардан ният доштааст, 2 кило маводи сахттаъсири героинро ба хориҷи кишвар интиқол бидиҳад», – изҳор дошт манбаъ. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.